Иди “Асал ва Харбуза” дар Душанбе
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 августи соли 2015 дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иди “Асал ва харбуза-2015” баргузор мегардад.
Тавре дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани чорабинии мазкур гурўҳи корӣ дар ҳайати муовинони вазир ва сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати кишоварзии ҶТ таъсис дода шуда, ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷашни “Асал ва харбуза 2015” соли равон дар “Маҷмааи савдои Пойтахт-90, КВД “Бозори Шоҳмансур”, КВД “Бозори Саховат”, майдони назди “Карияи Боло” ва КВД “Бозори Деҳқон” баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои асал ва харбуза пешкаши харидорон карда мешаванд.
Дар асоси нақшаи таҳиянамудаи Вазорати кишоварзӣ дар Маҷмааи “Пойтахт-90” кишоварзони вилояти Суғд, дар КВД “Бозори Шоҳмансур” кишоварзони вилояти Хатлон, дар КВД “Бозори Саховат” кишоварзони минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, дар майдони назди бозори “Қарияи Боло” кишоварзони ноҳияҳои тобеи марказ шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол” ва дар КВД “Бозори Деҳқон” кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рўдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ҷой дода мешаванд.
Гуфта мешавад, ки беҳтаринҳо бо тўҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзӣ сарфароз хоҳанд шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






