Ҳимояи фазои иттилоотӣ дар Бадахшон
Хоруғ 21 08 2015 (АМИТ «Ховар» Файз Мирҳасан) «Асотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи аудиовизуалӣ» дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои намояндагони мақомоти давлатӣ, кумитаи занон, раёсати ҷавонон, ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Телерадиоком дар мавзӯи гузариш ба пахши рақамӣ ва ҳифзи фазои иттилоотӣ мизи мудаввар баргузор кард.
Масъулин оид ба вазъи кунунии гузариш ба шакли нави пахши барномаҳо дар шабакаҳои давлативу мустақил маълумот дода, зикр намуданд, ки дар айни ҳол чор шабакаи умумимиллии давлатӣ ва шабакаҳои вилоятии давлатӣ ба мултиплекси рақамӣ пайваст гардида, ин раванд ҳанӯз идома дорад.
Дар охир байни иштироккунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки тавассути он мавзӯъҳои ҳимояи фазои иттилоотӣ, гузариш ба пахши рақамӣ, ҳолати кунунии шабакаҳои мустақили телевизионӣ ва иқтидори техникии онҳо, беҳтар намудани сифати барномаҳои телевизионӣ ва вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти давлативу ҷамъиятӣ дар мавриди ҳарчӣ бештар огоҳ кардани мардум аз равандҳои нави технологӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла пахши рақамӣ баррасӣ шуданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






