Иштироки варзишгарон кишвар дар мусобиқаи бокс дар Бангкок
Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»,).-Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки аз 26 август то 6 сентябр дар пойтахти Тайланд, шаҳри Бангкок баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Кумитаи миллӣ олимпии кишвар,ба ҳайати мунтахаби кишвар беҳтарин муштзанҳои тоҷик, ба мисли Анвар Юнусов дар вазни 60 кг, Ҷаҳон Қурбонов 91 кг, Шавкат Раҳимов 64 кг, Муродҷон Расулов 49 кг, Воҳид Асроров 56 кг шомиланд.
Дар ин мусобиқа варзишгарон барои ҷойҳои аз 1 то 7 мубориза бурда, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар Қатар барпо мегардад, мушарраф мешаванд
Варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Барои занон мусобиқаи интихобӣ моҳи феврали соли 2016 баргузор мешавад. Мардон бошанд, соли оянда дар ду мусобиқаи интихобӣ — моҳи март дар Чин ва моҳи июн дар Боку — ширкат хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






