Истаравшан: Навсозии роҳҳо
Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар доираи Барномаи вилоятии «Соли 2015 – идомаи соли роҳҳои обод» дар шаҳри Истаравшан 240 км роҳҳои ҳудуди шаҳр таъмир шудааст.
Чунон ки аз мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Истаравшан хабар доданд, нақшаи навсозии роҳҳо дар ин шаҳр ба андозаи 103,2 фоиз таъмин шудааст. Ҳамин тариқ, соли равон ба роҳсозони ин шаҳри бостонӣ имкон даст дод, ки 9,4 км роҳро пурра ва 140 километрро таъмири ҷорӣ намоянд. Дарозии роҳҳои шағалпӯшшуда ба бештар аз 90 км мерасад.
Барои таъмири 240 км роҳҳои Истаравшан аз ҳамаи сарчашмаҳо 4 миллиону 859,9 ҳазор сомонӣ маблағ масраф шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






