Кулоб: 1466 чойи нави корӣ таъсис дода шуд

Август 13, 2015 06:44

  Кулоб, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов)-Дар шаҳри Кӯлоб  дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1466 ҷойи нави корӣ  таъсис дода шуд, ки 50,7 дарсади  нишондиҳандаи  барномаи нақшаи иловагиро дарбар гирифта,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 ҷои корӣ зиёд мебошад.
 Ба гуфти масъулин, дар ин давра 249 нафар  ба касбомӯзӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ,  кафшергарӣ,  муҳосибӣ, гулдузӣ,  зардузӣ,  ва омӯзиши  компютер  фаро гирифта шуда, 174 нафар соҳиби  шаҳодатномаи касбӣ гашта, 138 нафар  бо  кор таъмин шуданд. 
Илова бар он  357 нафар, ки  ба воситаи худмаблағгузорӣ низ  ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда буданд, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ гардиданд.  

 

Август 13, 2015 06:44

Хабарҳои дигари ин бахш