Литсей интернатҳои тоҷикию туркӣ ба «Литсейҳо барои хонандагони болаёқат» табдил дода шуданд
Душанбе, 06.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркӣ ба муассисаҳои давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» табдил дода шаванд.
Дар ин асос муассисаи таълимии «Литсей -интернати муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷи Камоли шаҳри Душанбе», «Литсей -интернати муштараки тоҷикӣ -туркии иқтисодии Душанбе», инчунин литсей -интернатҳои муштараки тоҷикию туркии шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва ба номи Ҷалолиддин Румии шаҳри Қӯрғонтеппа бо нигоҳ доштани иншооти мавҷуда, воҳидҳои кории амалкунанда ва бо тартиби худмаблағгузорӣ мутаносибан ба Муассисаи давлатии таълимии /МДТ/«Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Турсунзода, МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Қӯрғонтеппа, МДТ ««Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Кӯлоб табдил дода мешавад.
Дар асоси банди дуюми Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати маориф ва илми кишвар вазифадор гардидааст, якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ тартиби муқарраргардидаи масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои дар боло зикршударо ҳал намояд.
Инчунин Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супоридани биною иншоот ва дигар амволи муассисаҳои зиркшударо таъмин месозад.
Тибқи банди охирини Қарори мазкур Қарори Шӯрои
Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 1994 аз эътибор соқит дониста мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






