Матраҳи лоиҳаи Барномаи давлатӣ барои маъюбон
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Имрӯз дар Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ миззи мудаввар дар мавриди баррасии Барномаи давлатӣ «оид ба таъмини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии одамони дорои маъюбият дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» доир гардид. Мизи мудаввар бо мақсади шунидани фикру андешаҳои иштирокчиён ва комил сохтани лоиҳаи интиҳоии барномаи давлатӣ гузаронида шуд.
Ҳукумати ҶТ эътироф менамояд, ки ба одамони дорои маъюбият чун ба дигар одамони солим ба таври баробар муносибат намудан лозим аст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТ ҲИА ҶТ) бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) лоиҳаи Барномаи давлатӣ «оид ба таъмини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии одамони дорои маъюбият дар Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020» таҳия намуд. Мақсад аз барнома фароҳам овардани шароити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама тавассути баланд бардоштани соҳаи тандурустӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои шахсони маъюб мебошад.
Муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Лола Бобохоҷиева зимни суханронӣ қайд намуд, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ масъалаҳои гуногуни маъюбиро дар назар дорад. Барнома фаҳмиши аҳамияту муҳимияти талаботи шахсони маъюбро дарк намуда, кафолат медиҳад, ки талаботи одамони дорои маъюбият ҳангоми татбиқи чорабиниҳо ба назар гирифта мешаванд.
«Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои беҳтар намудани вазъи маъюбон корҳои назаррасро анҷом додааст ва дар оянда низ ин иқдом идома меёбад»,- баён дошт Л.Бобохоҷаева.
Намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Лола Юлдошева иброз дошт, ки масъалаи маъюбӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи ТУТ маҳсуб меёбад. «Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки зиёда аз 1 миллиард ё 15 фоизи аҳолӣ дар ҷаҳон, аз он ҷумла 95 миллион кӯдакон бо ягон навъи маъюбӣ зиндагӣ мекунанд. Маъюбият ба таври номутаносиб ба гурӯҳҳои бештар осебпазири аҳолӣ таъсир расонда, махсусан дар байни занон, пиронсолон ва оилаҳои камбизоат маъмул аст. Аксар маъбон дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст (тақрибан 80 %) зиндагӣ мекунанд»,-илова намуд намояндаи ТУТ.
Роҳбари лоиҳаи «Тавонбахшии маъюбон», намояндаи ТУТ дар Тоҷикистон Сатиш Мишра оид ба вазъи соҳаи маъюбӣ дар Тоҷикистон , сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВТ ва ҲИА ҶТ дар мавриди афзалият, натиҷаҳои интизорӣ, нишондиҳандаҳо ва нақшаи амалиётҳои лоиҳа андешаронӣ карданд.
То январи соли 2014 дар Тоҷикистон 167 865 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки ин тақрибан ба 2 фоизи шумораи умумии аҳолии кишвар баробар аст. Ҳукумати Тоҷикистон, аксари хизматрасониҳои мавҷударо барои шахсони маъюб, аз ҷумла дар муассисаҳои статсионарӣ, ғайристатсионарӣ, парастории рӯзона маблағгузорӣ менамояд. Мувофиқи маълумотҳо Ҳукумати ҶТ соли 2014 ба хизматрасониҳои статсионарӣ барои маъюбон 14083347 сомонӣ, аз ҷумла 24 84893 сомонӣ барои хизматрасониҳои рӯзона харҷ намудааст.
Пас аз баррасӣ Барномаи давлатӣ «оид ба таъмини тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии одамони дорои маъюбият дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба Ҳукумати ҶТ фиристода мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






