Мавзуна ва Шоира барандагони медалҳои биринҷии чемпионати Осиё оид ба бокс

Август 13, 2015 05:40

Душанбе, 13.08.2015 (АМИТ  «Ховар»,  Меҳрони   Қурбон),- Дирӯз  муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, ноком шуданд. Хотирасон  менамоем, ки  ҳарду муштзани тоҷик, ки аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гаштанд, имрӯз бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.
Ёдовар  мешавем, ки Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Ӯзбекистон ба нимфинал баромад. Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз муштзани Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни то 64 кило, ки дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин рақобат кард.Шоира низ ба нокомӣ дучор шуда, ба финал баромада натавонист.Бояд зикр кард, ки  ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар — Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Мирзо Шамсиеву Ҷамшед Султонов шомил буданд.

Август 13, 2015 05:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд