Меҳмонхонаҳо барои истиқболи ҳоҷиён дар сатҳи олӣ омодаанд

Август 28, 2015 10:11

Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аъзои ситоди “Ҳаҷ-2015” барои истиқболи сазовори ҳоҷиёни Тоҷикистон меҳмонхонаҳо, нуқтаҳои тиббӣ, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва ошхонаҳоро омода намуда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвари Арабистони Саудӣ, аз қабили Вазорати ҳаҷ ва майдони ҳавоӣ ҳамаи шароити лозимаро муҳайё сохтаанд. 
Имсол дар шаҳри Мадинаи мунаввараи Арабистони Саудӣ фурӯдгоҳи нави замонавӣ дар  масими Ҳаҷ-2015 ҳоҷиёнро аз тамоми ақсои олам қабул мекунад. 
Шароити меҳмонхонаҳо барои истиқомати хоҷиён дар сатҳи олӣ буда, меҳмонхонаҳои шаҳри Мадина бо ҳама  лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд. Меҳмонхонаҳо дар наздикии масҷиди набавӣ қарор дошта, омаду рафти ҳоҷиёнро хеле осон менамоянд. Ошхонаҳо васеъу барҳаво буда, дар як вақт шумораи зиёди хоҷиён метавонанд аз он истифода намоянд. Ҳамчунин онҳо  бо ошпазхои ватанӣ таъмин шудаанд ва  барои хоҷиён таомҳои миллии тоҷикӣ омода менамоянд.
Гурӯҳи корӣ барои тамоси пайваста бо ҳамдигар ва сари вақт анҷом додани супоришот бо телефонҳои кооперативӣ таъмин шудаанд.
 Дар Мадинаи мунаввара гурӯҳи корӣ  корҳои худро хуб ба роҳ монда, мунтазири омадани ҳоҷиёнанд.

 

Август 28, 2015 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд