Мулло Маҳмадазим безарар гардонида шуд
Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ «Ховар».)- Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боз як ҳодисаи ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудани маводи мухаддирро пешгирӣ карданд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, кормандони КДАМ барои санҷиши маълумоти дастрасшуда дар бораи он ки гурӯҳи нашъаҷаллобон ният доранд аз ҳудуди Афғонистон ба навоҳии Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон маводи мухаддир ворид созанд, як қатор чорабиниҳоро амалӣ карданд. Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, ҳангоми аз назаргузаронии ҳавзи моҳидории рақами 3-юми ноҳияи Ҳамадонӣ 6 халтаи полиэтиленӣ бо 12 кг 900 гр. героин, 34 кг 50 гр. афюн ва 86 кг 500 гр. ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳангоми роҳандозии чорабинии махсуси минбаъда барои боздошт кардани нашъаҷаллобон дар ҳудуди ноҳияи Фархор, қочоқбарон ба амри иштирокдорони амалиёт, оид ба таслим шудан, итоат накарда, ба сӯйи кормандони КДАМ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ қочоқбари ашаддӣ, мулло Маҳмадазим валади Ҳоҷибадал безарар гардонида шуд. Дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников, 3 тирдон бо 70 дона тир, 8 кг 200 гр. афюн ва 1 кг 200 гр. бангдона дарёфт ва мусодира гардид.
Мавриди зикр аст, ки нисбат ба ин гурӯҳи ҷиноятӣ аз тарафи кормандони мақомоти амниятӣ ҳанӯз 5-уми майи соли равон амалиёт гузаронида шуда буд. Он вақт қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб, 146 кг. маводи мухаддирро дар ҷойи ҳодиса партофта, ба қаламрави Афғонистон фирор карда буданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти дигари кормандони КДАМ дар ҳудуди яке аз минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ 1 борхалта бо 12 кг 166 гр. ҳашиш, 1 адад гулӯлапартои тамғаи «ПГ-7В» ва 2 қаиқи худсохт, ки нашъаҷаллобон барои гузаштан аз дарёи Панҷ истифода мебаранд, бозёфт ва мусодира карда шуд.
Вобаста ба ҳодисаҳои зикршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






