Муштзанони тоҷик дар чемпионати Осиё
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева ба даври ниманиҳоии чемпионати Осиё оид ба бокс дар миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Ҳарду муштзани тоҷик, ки барои худ аллакай медалҳои биринҷиро таъмин намуданд, дар даври ниманиҳоӣ барои роҳ ёфтан ба финал мубориза мебаранд.
Ба иттилои манбаъ, Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Узбакистон ба нимфинал баромад. Дар қувваозмоии ниманиҳоӣ Мавзуна бо муштзани Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева, дар вазни 64 кг, рақиби муғулашро шикаст дод ва дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин вориди рақобат мешавад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар — Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Ҷамшед Султонов ва Мирзо Шамсиев шомиланд. Зафарова ва Раҳмонзода дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.
Даври ниманиҳоӣ рӯзи 12 август ва қувваозмоиҳои ниҳоӣ 13 августи соли равон баргузор мешаванд.
Ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё имтиҳонест пеш аз чемпионати ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алматии Қазоқистон барпо мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






