Нақши ғояҳои миллӣ дар набард бо ифротгароӣ

Август 13, 2015 03:32

«Ғояҳо танҳо бо ғояҳо метавонанд безарар гардонда шаванд»
Оноре де Балзак

    Душанбе, 13.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар даҳсолаҳои аввали қарни XXI инсоният бо ғояҳои диниву сиёсии ифротгароие  рў ба рў гардид, ки барои аҳли башар хатари ҷиддӣ доранд. Мақсади ин ғояҳои диниву сиёсӣ ба даст овардани ҳокимият, дар қарни XXI ҷорӣ намудани арзишҳои асримиёнагӣ, нобуд сохтани давлатҳои миллӣ мебошад. Яъне ҳадаф ҳукм рондан ва ба мардум зулм кардан аст.     
    Ҳукмрон гардидани ғояи ифротгароии динӣ ва соҳибони он, яъне муллоҳои сиёсӣ мардумро аз озодӣ ба куллӣ маҳрум менамоянд. Ин воқеиятро ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар мисоли кирдорҳои ваҳшиёнаи ба ном «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқ мушоҳида мекунанд. Ин сабақест барои тамоми мардумони кишварҳои мусулмонӣ, ки натиҷаҳои онро бо ду чашми сар дида, дигар фиреб нахоҳанд хўрд ва бо тамоми нерў аз низоми миллии дунявӣ дифоъ хоҳанд намуд. Танҳо низоми миллии дунявӣ ба кишварҳои мусулмонӣ рушду озодиву хушбахтӣ хоҳад овард. Ва мо тоҷикистониён ин нуктаро ҳамеша дар хотир дошта, бояд аз ин неъмати бебаҳо ҳамеша дифоъ бикунем!   
    Бояд гуфт, ки терроризм ин зоҳири ифротгароии динӣ, натиҷаи хунини он аст, ки бо он қабл аз ҳама мақомоти қудратӣ ва амниятӣ дар набард мебошанд. Созмонҳо ва ҳизбҳои динии террористиву ифротгароӣ масъалаи доғи сиёсии рўз буда, бо он низ асосан мақомоти қудратӣ ва сохторҳои дахлдори давлатӣ мубориза мекунанд.  Вале новобаста ба муборизаи беамон бо ифротгароёни исломи сиёсӣ  ва ҳизбҳои онон, ин падидаи номатлуб дар ҷомеа ҳамоно мавҷуд аст ва бартараф кардани он кори осон набуда, аз ҳар як узви ҷомеаи мо, бахусус ҷавонон, омодагии ғоявии миллӣ (ба ибораи дигар худшинос гардидан!) ва ҳушёрии сиёсиро тақозо менамояд. 
    Суоле ба миён меояд, ки чаро чунин падидаи номатлуби ифротгароии динӣ то андозае реша давондааст ва чаро аз мо, бахусус равшанфикрону ҷавонони муҳассил муборизаи рўзмарраро талаб менамояд? Ба назари мо, сабаб дар он нуҳуфтааст, ки созмонҳои ифротгароии динӣ амалҳои худро бо ғояи исломи сиёсӣ асоснок менамоянд, яъне ба ибораи дигар дар заминаи он ғоя ё мафкура вуҷуд дорад. Ғояву мафкураҳое, ки аъзои ин созмонҳо ба он бовар доранд ва бо ҳамин эътиқод даст ба амалҳои нангин мезананд.
Мардум мақоле дорад: «тезиро тезӣ мебурад»! Бо ин ё он мафкура низ танҳо метавонад мафкураи дигар набард намояд. Ё чунонки нависандаи бузурги фаронсавӣ Оноре де Балзак гуфтааст: «Ғояҳо танҳо бо ғояҳо метавонанд безарар гардонда шаванд». Бо мафкура ё идеология  метавонад танҳо идеологияи дигар муқовимат намояд, ба шарте ки арзишҳои он хислати ҳамагонӣ гиранд. Аммо ин шарт ҳамон вақт амалӣ хоҳад гардид, ки агар раванди таблиғу ташвиқ ба таври оқилона ба роҳ монда шавад.
Агар ин нуқтаи назарро ба асос бигирем, пас дар шароити давлати миллии дунявӣ, танҳо мафкураи миллӣ қодир аст бо ғояи исломи сиёсӣ муқовимат намояд. Ва мо чунин мафкураи миллии давлатӣ дорем, ки  он мафкураи миллӣ-ватанпарварӣ аст. Волотарин арзиши ин мафкураи миллӣ-ватанпарварии тоҷикӣ, ба назари мо, эътиқоди ҳар фарди тоҷику тоҷикистонӣ ба ҳастии миллат ва давлати миллии дунявӣ мебошад. Танҳо бо чунин боварии қавӣ метавон тоҷики худшиносро шакл дод, ки қодир аст ба таблиғ ва фишори ҳар гуна мафкураҳои динии ифротгароӣ ва бегонапарвар на танҳо истодагарӣ намояд, балки бо онҳо муборизаи беамон барад, нагузорад, ки ғояҳои бегона ҷавонони моро ба доми худ бикашанд ва ҳастии давлати миллии тоҷикро халалдор бикунанд. 
Мо бояд дар назар дошта бошем, ки  муқобили давлати дунявии миллӣ ғояҳои коркардшудаи исломи сиёсӣ дар набард ҳастанд ва бо дарки ин нукта, боястӣ  дар неруманд сохтани ғояи миллии худ, яъне ғояи миллии ватанпарварӣ  кўшиш ба харҷ диҳем. Дар ин росто нақши равшанфикрон чун соҳибони аслии мафкураи миллии дунявӣ, нақши ВАО чун таблиғгари мафкураи миллӣ ва омўзгорон (аз кўдакистон то мактаби олӣ) чун тарбиятгарони насли наврасу ҷавон хеле муҳиму муассир аст. 
Инчунин дар ин росто нақши Ҳизби халқӣ-демократиро чун созмони муташаккили сиёсӣ набояд фаромўш кард, зеро соҳиби сиёсии мафкураи миллии ватанпарварӣ маҳз ин ҳизб аст. Ба ин хотир,  ба ҷанбаи мафкуравии кори ҳизбӣ бояд таваҷҷуҳ беш аз пеш бошад, зеро инро вазъи замон талаб менамояд. Агар кори мақомоти қудратӣ муборизаи ҷисмонӣ бо ифротгароён бошад, пас кори ҳизбӣ набарди ғоявӣ бо мафкураҳои  ифротгаро  аст.
    Хулосаи андешҳои мо ин аст, ки танҳо ғояи неруманди коркардшуда ва дорои хислати ҳамагонӣ метавонад таъсир ва паҳн шудани ғояҳои ифротгароии диниро пешгирӣ намояд. Муборизаи ғоявӣ илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ аст ва дар мавриди мубориза бо ғояҳои бегонапарвар мо аз ин шиор бояд ба хубӣ истифода намоем.

Шариф Муллоев,
доктори илмҳои филологӣ,
мудири кафедраи матубот ва PR-и
Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон

 

Август 13, 2015 03:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»