Намоишгоҳи панҷуми «Китоби Душанбе»

Август 24, 2015 11:08

Душанбе, 24.08.2015.(АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Рӯзҳои  4 ва 6 сентябр бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Тантанаҳои идона дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мешаванд. Дар назар аст, ки меҳмонон аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус ва ғайраҳо иштирок намоянд.
Иштирокчиёни намоиши «Китоби Душанбе» дар чорабиниҳои Китобхонаи миллӣ , Боғи устод Рӯдакӣ ва дигар мавзеъҳои дилпазири шаҳр ширкат хоҳанд кард.
Тибқи иттилои директори намоишгоҳи панҷуми байналмилалии «Китоби Душанбе» Абдуфаттоҳ  Мираҳмадов  бахшида ба 70-солагии шоири халқии Тоҷикистон Сафармуҳаммад Айюбӣ як конфронси илмию адабӣ низ доир мегардад.

 

Август 24, 2015 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад