Натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон

Август 20, 2015 07:20

Душанбе, 20.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Идомаи суҳбати созандаи сатҳи олӣ зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шуда, тавофуқоти зиёд ҳосил гардид.
Ду кишвари дӯст тасмим доранд, ки ҳамгироии худро дар масоили таъмини амнияту суботи минтақавӣ, экология ва ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим густариш диҳанд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои стратегии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.
Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти комиссисяи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои соҳибкории ду кишвар ҷоннок карда шавад. 
Тибқи масъалагузориҳои Президенти Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Туркманистон пазируфта шуд, ояндаи наздик миёни Душанбею Ашхобод бояд хатсайри мустақими ҳавоӣ боз гардад, шумораи квотаҳои президентии ду кишвар барои таҳсили донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигар афзун гардад. Минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон ҳам таҳсил хоҳанд кард. Масъалаи рафтуомади бераводиди дорандагони шиносномаҳои хизматӣ низ ҳалли худро меёбад. Робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва саноати тиббӣ низ густариш хоҳанд ёфт.
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки моҳи декабри соли равон ба Ашхобод барои иштирок дар тантанаҳои 20-солагии эълони “Бетарафии доимии Туркманистон” ташриф биёрад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Гурбонгулӣ Бердимущаммадов даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Ҳарду даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти музокирот 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
—    Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии Маркази фарҳанги давлатии Вазорати фарҳанги Туркманистон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;
—    Созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон;
—    Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон;
—    Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2016-2017;
—    Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.
Сипас сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ муроҷиат карда, ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд доданд. Аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки кунун муносиботи ду кишварро беш аз 75 санади ҳамкорӣ танзим хоҳанд кард.

МАВОДҲО ДОИР БА МАВЗӮЪ:

Cафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд

Оғози сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Туркманистон

Туркманистон ва Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, бахусус ҳифзи амну субот мавқеи ҳамсон доранд

Натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон

Имзои 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон

Миёни Душанбею Ашхобод хатсайри мустақими ҳавоӣ боз мегардад

Минбаъд донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон таҳсил мекунанд

Шаҳрвандони дорои шиносномаҳои хизматии Тоҷикистону Туркманистон бе раводид ба кишварҳои ҳамдигар рафтуомад хоҳанд кард

Туркманистон яке аз мавқеъҳои афзалиятнокро дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишғол мекунад

Омодагии Тоҷикистон ба ҳалли муштараки масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ва таъмини амният дар минтақа

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаи гуфтушунид бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов

   

Август 20, 2015 07:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд