Ошкор шудани 290 ҷинояти коррупсионӣ

Август 3, 2015 06:52

Душанбе, 03.08.2015 (АМИТ «Ховар»). — Мутахассисони шӯъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар нимсолаи аввали соли равон 82 ташкилоту муассиса ва корхонаҳои вилояти Суғдро  мавриди санҷишҳои молиявӣ қарор доданд.
Чунон ки Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, сардори Раёсат зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор ва 14,2 миллион сомонӣ ба ҳисоби буҷет барқарор карда шудааст.
Дар давоми 6 моҳ кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд 290 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидоштаро ошкор намуданд.

 

Август 3, 2015 06:52

Хабарҳои дигари ин бахш