“ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” ба фаъолият шурӯъ менамояд

Август 17, 2015 09:29

Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар остонаи ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт корхонаи нави саноатии “ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” ба фаъолият шурӯъ менамояд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ, обҳои минералӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан махсус гардонида шуда, иқтидори   ин корхона истеҳсоли 18 ҳазор зарфҳои пластикӣ  ва 20 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнашикан дар як соат аст. Дар мавриди ба фаъолият шурӯъ кардани “ПЭТ полиэтил-тестилат проформ” 600 нафар бо ҷои корӣ доимӣ таъмин мегарданд.
Аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки  ба ифтихори  24 -умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ иншоотҳои ҷашнии дорои таъиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд. 

 

Август 17, 2015 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш