Семинари корӣ дар хоҷагии ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ
Душанбе, 18.08.2015 (АМИТ «Ховар»,),-Имрӯз бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар бошишгоҳи саҳроии Муассисаи давлатии хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон семинари корӣ баргузор гардид, ки дар кори он масъалаҳои сохтмони ғайриқонунии манзили истиқоматӣ, азхудкунии ғайриқонунии замин ва дигар мавзӯъҳои марбут ба ин, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар кори семинар вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ, директори Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Рустам, инчунин роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Зимни баргузории семинар онҳо ҳамчунин аз рафти корҳои саҳроии хоҷагии ёрирасон ва шароити фаъолияту маишии сарбозони дар корҳои хоҷагӣ вобастабуда шинос гардиданд.
Дар рафти боздид масъулин барои хизмати софдилона ва зоҳир намудани маҳорату малакаи касбӣ дар корҳои сохтмонию саҳроӣ баҳри ободонии Муассисаи давлатии хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД як қатор сарбозони қӯшунҳои дохилӣ бо «Раҳматнома», нишони сарисинагии «20-солагии Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ», тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Муассисаи давлатии хоҷагии ёрирасони Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД наздик ба 50 гектар замин дошта, дар он кишоварзӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, воҳидҳои таъиноти махсус, Раёсати тиббӣ ва Акдемияи Вазорати корҳои дохилиро бо маҳсулотҳои тару тоза таъмин менамоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






