«Шанбегии Сабз» соҳилҳои дарёи Душанберо тоза мекунад

Август 29, 2015 03:20

Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо нашрияи шаҳрии «Вечёрка» 30 август бо мақсади сазовор таҷлил намудани 24-умин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тозагии соҳилро таҳти унвони «Шанбегии Сабз» дар соҳили дарёи Душанбе баргузор менамояд. 
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинӣ ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободонӣ, пок нигоҳ доштан ва ҳифзи муҳити зист, тарбияи ҳисси ватандўстии онҳо, фаъол намудани ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ ва ба ин васила тоза намудани соҳили кӯлу дарёҳо, ки обҳои онҳо боигарии миллати тоҷик маҳсуб меёбанд, арзёбӣ мешавад.
Дар рафти баргузории шанбегӣ иштирокчиёни роҳпаймоии автомобилӣ, ки аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва нашрияи «Вечёрка» санаҳои 9-10 сентябр дар шоҳроҳи Душанбе- Ҳисор-Шаҳринав-Турсунзода доир мешавад, аз ҳисоби иштирокчиёни фаъоли шанбегӣ интихоб карда мешавад.  Фаъолони шанбегӣ, ки иштирокчии роҳпаймоии автомобилӣ мешаванд, имкони ширкат дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишиеро, ки дар доираи роҳпаймоии автомобилӣ аз ҷониби муассисон ба нақша гирифта шудааст, пайдо менамоянд.

Август 29, 2015 03:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд