Шиносоии Сарвари давлат бо корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). -Аз маҳалли бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи кор ба корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ ташриф овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳи коркарди шир, ки бо хати нави технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, бо пахши тугма ба фаъолияти он асос гузошт.
Дар ин коргоҳ 12 нафар занону духтарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуда, дар як шабонарӯз 10 тонна шир коркард шуда, бештар аз 10 номгӯи маҳсулоти ширӣ аз ҷумла, қаймоқ, творог, маска, ёгурт, чакка, дуғоба ва дигар маҳсулот истеҳсол мешавад, ки дар бозори худи шаҳри Кӯлоб ба он талабот зиёд аст.
Маҳсулоти барои коркард тибқи шартномаи тарафайн аз ҳисоби хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои вилоят ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб қабул мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин коргоҳ барои беҳтар кардани сифати маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.
Иттилоъ дода шуд, коргоҳи истеҳсоли шир, дорои озмоишгоҳ, анбори калони нигоҳдории маҳсулот мебошад, ки аз ҷониби роҳбарияти «Комбинати шири Душанбе» дар ҳаҷми 285 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо харҷи зиёда аз 2 миллиону 193 ҳазору 750 сомонӣ таҷҳизоти муосири соҳавӣ ворид ва васлу насб шуд.
Корхона аз 7 коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, фаъолияти ҳар кадоми он ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум равона шудааст.
Тавре маълум гардид, бо ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти аълосифат низ афзун мешавад.
Комбинати шири шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ шуда, бо хатҳои нави технологӣ таъмин гардидааст, ки дар он истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, ширӣ ва обҳои ранга ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат бо шароити кори ин коргоҳ низ аз наздик шинос шуда, ба коргарон барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, рақобатпазир ва воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо дод.
То ин муддат дар корхонаи шири шаҳри Кӯлоб танҳо маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешуду халос ва дар он шумораи ками сокинон фаъолият мекарданд. Бо кашонидани хатҳои нави технологӣ акнун 80 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Корҳои таъмиру азнавсозии биноро сохтмончиёни маҳаллӣ ба итмом расонидаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ дар маҳалли зист мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст барои ин кори нек изҳори сипос намуд ва дастур дод, ки барои дастрас кардани шири хушсифат бо ҳолӣ ҳамкории зичу пурсамарро ба роҳ монда, ҳарчи бештар маҳсулоти хушсифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯ истеҳсол намоянд.
Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб идома дорад. Дар назар аст, ки нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат дар тантанаҳои идона ба хотири 700 – солагии мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар боғи марказии фарҳангӣ фароғатӣ иштирок ва суханронӣ менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






