Шиносоии Сарвазир бо рафти бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2
Душанбе, 18.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 шинос шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки татбиқи лоиҳаи бунёди навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе- 2 дар асоси созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, бо дарназардошти лоиҳаи татбиқшудаи навбати аввали маркази барқу гармидиҳӣ иқтидори он ба 400 мегаватт баробар хоҳад шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва ҳайати ҳамроҳонаш дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин аз қитъаҳои алоҳидаи сохтмонӣ дидан карда, бо рафти корҳои омодасозии таҳкурсии биноҳои асосӣ, корҳои оҳану бетонрезӣ ва насбу таҷҳизотонӣ бевосита шинос шуданд.
Дар анҷоми шиносоӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат ситоди сайёри омодагӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 доир шуд.
Дар ситод нахуст масъалаи ба кор андохтани агрегати якуми навбати дуюми маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, бунёди хатҳои интиқоли гармӣ дар ҳудуди пойтахти мамлакат, нуқтаҳои гармидиҳӣ ва кашонидану захира намудани ангиштсанг барои кори муназзами маркази барқу гармидиҳӣ баррасӣ шуд.
Сарвазири мамлакат роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, масъулини бахши энергетика ва роҳбарони дигар сохторҳои масъули соҳаро барои бо сифат ва дар муҳлати муайяншуда ба кор андохтани агрегати якуми навбати дуюми маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, саривақт омода намудани қубурҳо ва таҷҳизоти дигари дастраскунандаи гармӣ, ташкили кори муназзами навбати аввали маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1, таъмини иншоот ба миқдори зарурии ангишт ва захира намудани сўзишворӣ барои фаъолияти доимӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ва дар маҷмўъ доир ба беҳтар гардонидани вазъи таъминоти аҳолии мамлакат, хусусан аҳолӣ ва иншооти таъиноти гуногуни шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ вазифадор карда, аз онҳо таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакатроро талаб намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






