Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои навсозии нақби мошингарди «Истиқлол»
Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои навсозии нақби мошингарди «Истиқлол» шинос шуд.
Марҳилаи якуми навсозии нақби «Истиқлол» бетонпўшнамоии қабати болоии роҳи мошингарди нақбро дар масофаи 9992 метр фаро гирифта, ин кор то имрўз дар масофаи 5320 метри роҳ аз ду ҷониби хатти ҳаракат анҷом дода шудааст.
Сарвазири мамлакат дар қитъаҳои алоҳида бо рафти корҳои бетонпўшнамоии роҳ ва садбандии маҷрои обҳои зеризаминӣ шинос шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳамарўза дар нақб масофаи зиёда аз 150 метр бетонпўш карда шуда, дар як вақт баҳри бартараф намудани воридшавии обҳои зеризаминӣ ба нақб тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Нақбсозон нақша доранд, ки корҳои бетонпўшнамоии қабати болоии роҳро ҳамарўза дар масофаи 180 метр ба анҷом расонида, иншоотро пеш аз мўҳлат мавриди истифодаи пурра қарор диҳанд.
Хотиррасон бояд кард, ки беҳдошти шароити кори нақбсозон, аз ҷумла пардохти саривақтии музди маош, таъмини мунтазами иншоот бо масолеҳи зарурии сохтмонӣ ва ба онҳо бемайлон дастрас намудани маводи ғизоӣ ва сару либоси корӣ дар мадди назари аввали роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, аз ҷониби Сарвари давлат бевосита ба нақбсозон ҳамаҷониба кумак расонида мешавад.
Сарвазири мамлакат мутахассисон ва нақбсозони ин иншооти аҳамияти муҳимдоштаро баҳри босифат ва дар муҳлати муқараршуда анҷом додани корҳои навсозии нақб, беҳдошти шароити ҳаракати нақлиёт ва дар як вақт шуруъ намудани корҳои марҳилаи дуюми навсозии нақб, ки аз пешбурди корҳои равшаннамоӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошад, вазифадор намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






