Сокини ноҳияи Шӯрообод бо қариб 100 кг афюн дастгир гардид
Душанбе, 14.08.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар аввали моҳи июл хабари фаврӣ гирифтанд, ки шаҳрвандони Афғонистон ният доранд миқдори калони маводи нашъаоварро ба сокини ноҳияи Шӯрообод фурӯшанд.
Дар назди деҳаи Анҷироб кормандони агентӣ мехостанд мошини «Нива»-ро боздошт кунанд, вале ронанда суръатро баланд намуда, хост пинҳон шавад. Кормандони агентӣ мошинро таъқиб намуданд. Ронанда дар ҷои беодам аз мошин баромада, ба ҷои номаълум ғайб зад.
Кормандони агентӣ мошинаро ба шаҳри Кӯлоб оварда, дар бинои Шуъбаи байниноҳиявӣ аз назар гузарониданд.
Дар дохили он якчанд борхалта бо маводи дорои бӯи махсус дарёфт гардид.
Тавре ки мутахассисони Шуъбаи ташхиси судии агентӣ муайян намуданд, маводи ошкоршуда афюн буда, вазни он 98 кг 658 граммро ташкил дод.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврю ҷустуҷӯӣ 12 август сокини 53-солаи ноҳияи Шӯрообод дастгир гардид, ки ронандаи мошини партофта ва аз таъқиб пинҳонгардида буд ва то ҳол дар ҷустуҷӯ қарор дошт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти агентӣ, ҳоло шахсияти шаҳрвандони Афғонистон, ки маводи нашъаоварро ба ӯ фурӯхтаанд, муайян шуда истодааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






