Сокинони ду деҳа аз Дарвоз ба Данғара кӯчонида мешаванд
Душанбе, 10.08.2015. (АМИТ «Ховар»). -64 хоҷагӣ аз деҳаҳои Хурк ва Убагини дараи Висхарви ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кӯчонда мешаванд. Тавре ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар деҳаи Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара барои ҳар як оила 00,8 га. замин ҷудо карда шуда, бунёди хонаҳои истиқоматӣ оғоз ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки 20-уми июли соли равон дар натиҷаи зиёд шудани оби рӯдхонаи Висхарв 9 хонаи истиқоматӣ пурра зери об монда, 7 хонаи дигар қисман тахриб шуда, хати баландшиддати барқ, роҳи мошингузари деҳа, даҳҳо гектар заминҳову боғот хароб шуданд.
Аз роҳи асосии ноҳия то мавзеи офати табиӣ 6 км. ва аз мавзеи офати табиӣ то деҳаҳои дараи Висхарв 14 км. масофаи роҳ мебошад, ки қисман корношоям гардидааст. Аз рӯзи сар задани офати табиӣ то имрӯз роҳсозон ва кормандони идораи барқи вилоят ду маротиба хати интиқоли нерӯи барқ ва роҳи мошингузарро барқарор намуданд. Вале бинобар аз меъёр зиёд шудани об дар рӯдхонаи дараи Висхарв ҳам роҳи барқароршуда ва ҳам хати интиқоли барқ дубора корношоям гардиданд. Мавриди зикр аст, ки хонаҳои дигар сокинони деҳа низ дар ҷойи хатарнок ҷойгир мебошанд. Аз ҳамин сабаб сокинони деҳоти Хурк ва Убагин ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карданд, ки барои онҳо дар ноҳияи Данғара барои сохтмони манзил замин ҷудо карда шавад.
Ҳоло 9 хоҷагии аз офати табиӣ пурра зарардида ва 7 хоҷагии қисман осебдидаи ноҳияи Дарвоз дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара дар хаймаҳо муваққатан ҷо гардида, бо шароити зарурӣ таъмин шудаанд. Барои 9 хоҷагии пурра осебдида хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд. Барои 7 хоҷагие, ки қисман зарар дидаанд, 50 фоизи масолеҳи сохтмонӣ ройгон дода мешавад. Ба 42 хоҷагии дигари деҳоти Хурк ва Убагин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат замин ҷудо карда шудааст. Дар мавзеъе, ки барои бунёди хона замин ҷудо шудааст, тамоми шароит муҳайё буда, мардум ба оби ошомиданӣ, бунгоҳи тиббӣ, мактаб, марказҳои хизматрасониву маишӣ пурра дастрасӣ доранд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид






