Ташрифи раиси Бонки мардумии Чин ба Тоҷикистон

Август 29, 2015 04:30

Душанбе, 29.08.2015. (АМИТ “Ховар”). — Аз 30 август то 2 сентябри соли равон ҳайати гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин ба Душанбе ташриф меорад. Ҳангоми сафар ҳайати мазкур масъалаҳои механизми ба роҳ мондани амалиёти СВОП (яъне табдил додани як асъор ба асъори дигар) бо намояндагони Бонки  милли Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.
Илова бар ин, Гурӯҳи кории Бонки мардумии Чин  бо мақсади  рушди ҳамкории судманд бо низоми бонкии кишвар бо роҳбарони бонкҳои тиҷоратии кишвар вохӯриҳо анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин, бо фаъолият ва дастовардҳои меҳнатии ширкатҳои истеҳсолии ватанӣ ва чинӣ дар Тоҷикистон аз наздик ошно мешаванд.
Рӯзҳои 2 — 4 сентябри соли ҷорӣ бошад, ҳайати расмии Бонки мардумии Чин таҳти роҳбарии раиси ин бонк Жоу Сиаочуан ба Душанбе меояд. Дар ҷаҳорҷӯбаи сафари раиси Бонки мардумии Чин дар назар аст, ки Созишномаи СВОП байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин  ба имзо расонида мешавад.
Ташрифи  раиси Бонки мардумии Чин Жоу Сиаочуан, ки иқтисоди кишвари он аз лиҳози бузургӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд, аз муносибати дӯстонаи кишвари ҳамсоя ва ҳусни таваҷҷуҳи он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. 
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд. 

Август 29, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ