Ҳунарнамоии раққосону дойразанҳои тоҷик дар соҳили Балтика
Душанбе, 13.08.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия имрӯз дар Театри давлатии «Киноактер»-и Маскав бо иштироки ҳунармандони опера ва мусиқии муосири тоҷик -Миралӣ Достиев, Ҳасан Ҳайдар, Ҳуҷастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов, мутрибони гурӯҳи мусиқӣ таҳти роҳбарии оҳангсози шинохта Амирбеки Мӯсо консерт баргузор мегардад.
Фардо дар шаҳри Калининград ҳунармандони гурӯҳи рақсии «Базморо» ва дастаи дойразанҳои шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Хайрулло Дадобоев хотири сокинони шаҳри назди соҳили Балтикаро бо рақс ва садоҳои дилошӯби асбобҳои мусиқии зарбии тоҷикӣ шод мегардонанд. Баромади ҳунармандони тоҷик дар шаҳри Калининград дар ҳошияи Фестивали байналмилалии «Қаламрави сулҳ» /Территория мира/, ки дар саҳнаи Ҷазираи Кант доир мегардад, ҷараён мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дирӯз дар толори Филармонияи ба номи Сергей Рахманини шаҳри Маскав маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид.
Дар ҳошияи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, намоиши аксу мусаввараҳо, ки бозгӯи табиати биҳиштосои Тоҷикистон, дастовардҳои замони истиқлолияти давлатии кишварамон аст, ташкил карда шуд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия таблиғи фарҳанги миллии халқамон ва муаррифии он арзёбӣ гардида, дар тавсеаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Русия нақши бориз мегузорад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






