Унвонҳои КҶВС ба варзишгарон
Душанбе, 11.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирӯз дар доираи чорабинии Рӯзи варзишгарон, ки 10-уми август дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон доир гардид, ба як қатор варзишгарону устодони соҳа унвонҳову сипосномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тақдим карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ, мутахассисону собиқадорони соҳаи варзиш ва ҷоизадорону ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ иштирок доштанд.
Масъулин ва собиқадорони соҳа оид ба дастоварду пешравиҳои соҳаи варзиш суханронӣ намуда, ба як қатор варзишгарон унвонҳои варзишӣ, ба собиқадорон кӯмакпулӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва ба кормандони соҳа, ки дар татбиқи сиёсати давлатии варзиш саҳми арзанда гузоштаанд, сипосномаи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро супориданд.
Ҳамин тавр варзишгарон Вайсиддин Ибодов, Бахтиёр Гулов, Равзатуллоҳ Исоев, Мавлоншо Акобиров ва Меҳрубон Сангинов соҳиби унвонҳои устоди варзиш гардида, Дилором Каримова- муовини якуми ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Қосим Қурбонов-директори Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, Рустам Давлатов- директори мактаби гӯштин, Эркин Латипов, Элмурод Тағоев, Маҳмадшариф Сулаймонов- мураббиёни гуштини самбо, Дилшод Абдураҳимов, Баҳром Ишратов, Ҷамшед Ҳамроев, Зайдулло Имомалиев- кормандони дастгоҳи марказии Кумита бо сипосномаи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ карда шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






