«Адиб» «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» -ро нашр намуд

Сентябрь 7, 2015 08:37

         Душанбе, 07.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон нашриёти «Адиб» китоберо зери унвони «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» аз чоп баровард.
        Ин китоб ба ифтихори гиромидошти 700-солагии  шоир, ориф ва мутафаккири бузурги Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ва ҳамчун шаҳри фарҳангӣ унвон гирифтани Кӯлоби бостонӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери назари Абдуҷаббор Раҳмонзода- академики Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир гардидааст.
         Шоирон Давлат Сафар ва Гурез Сафар муратиббони китоби «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» буда, шоир Хайрандеш муҳаррираш  аст. 
         Дар китоби  «Сурудҳои мардумии Кӯлоб» беҳтарин намунаҳои  рӯбоӣ, дубайтӣ ва сурудҳои халқӣ, инчунин сурудҳои  шоирони минтақаи Кӯлоб, ки дар ҳавои сурудҳои халқӣ эҷод шудаанд, гирд оварда шудааст.
        Дар китоб ҳамзамон расми бонувони ҳунарманду чаканпӯши Кӯлоби бостон инъикос гардидааст.

 

Сентябрь 7, 2015 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад