Аксарияти нерӯгоҳҳои хурди ҷумҳурӣ кор намекунанд

Сентябрь 25, 2015 06:54

Душанбе, 25.09.15. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). — Дар  ҷумҳурӣ  бештар  аз  300 нерӯгоҳи  хурд  бунёд  шуда, қисми  зиёди онҳо  кор  намекунанд. Дар   нимсолаи  аввали  соли равон  тавассути нерӯгоҳҳои  хурд ҳамагӣ 12.1  миллион  киловатт — соат  нерӯи  барқ тавлид  шуд. Аз  шумораи  умумии  чунин  нерӯгоҳҳо  16 — тои  он  дар  баланси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи  холдингии  «Барқи  тоҷик»  қарор  дошта, онҳо   дар  нимаи  аввали  соли  равон  беш  аз 3,7  миллион  киловатт — соат  нерӯи барқ  тавлид  кардаанд.
Мувофиқи  маълумоти Муассисаи  давлатии  «Маркази  идораи   лоиҳаҳои  бахши  энергетика», сохтмони  нерӯгоҳҳои  хурди  ҷумҳурӣ  асосан  дар   деҳот  ва  деҳаҳои  душворгузари  кишвар  сурат  мегирад. 
Қобили  зикр  аст, ки  аз рӯи  натиҷаи  соли  2014  теъдоди  нерӯгоҳҳои  хурди  кишвар 316  ададро  ташкил дод, ки  иқтидори  умумии онҳо   баробари беш  аз 25  мегаватт  аст. Аз  ҷумлаи   нерӯгоҳҳои  хурди  зикршуда  дар  фасли  зимистон фақат  60  ададаш  фаъол буда, боқимондаашон   кор  намекунанд.

Сентябрь 25, 2015 06:54

Хабарҳои дигари ин бахш