Ҳамкорӣ барои сулҳ шараф аст!
Душанбе, 21.09.2015.(АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Ҳамасола 21 сентябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии сулҳ дар тамоми сайёра ҷашн гирифта мешавад. Таъсисдиҳандаи он Ассамблеяи генералӣ мебошад, ки ҳар сол дар сеюмин сешанбеи моҳи сентябр ҷашн гирифта мешуд. Аз соли 2001 инҷониб бо қарори СММ ин ид рӯзи 21 -уми сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун аз ҳамаи аъзои даргириҳои рӯйи олам талаб кардааст дар рӯзи 21 -уми сентябр, ки Рӯзи байналмилалии сулҳ аст, амалиёти ҷангиро хотима бахшанд.
Роҳбари ин созмони ҷаҳонӣ аз ҳамаи аъзои СММ даъват ба амал овардааст, то аз иқдоми ӯ дастгирӣ намоянд ва барои ором нигоҳ доштани вазъи дунё дар 24 соати 21-уми сентябр кӯшиш намоянд.
«Биёед Рӯзи байналмилалии сулҳро ба рӯзи орӣ аз зӯроварӣ ва рӯзи омурзиш табдил диҳем. Агар дар тӯли як рӯз мо тавонем, ки бидуни таҷовуз ва зӯроварӣ умр ба сар барем, он гоҳ метавонем тасаввур намоем, ки чӣ корҳоеро ба самон расонида метавонем. Ҳамкорӣ барои сулҳ — барои ҳама шараф аст», — гуфтааст Пан Ги Мун.
Ба иттилои дафтари матбуотии СММ дар назар аст Пан Ги Мун, раиси ин созмон дар рӯзи 21 -уми сентябр бо раиси ҷаласаи 70 -уми Ассамблеяи генералӣ Могенс Люкетофт ва пайғомбарони сулҳ Майкл Дуглес ва Ҷейн Гудол дар маъракаи зарбазанӣ ба «Занги сулҳ», ки дар майдони пеши котиботи СММ қарор дорад, иштирок намоянд.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯз дар тамоми ҷаҳон шиорҳои «Нест бод ҷанг» ва «Пойдор бимонад сулҳ» овехта мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






