Ҷангиёни «Толибон» аз вулусволии Мӯсоқалъа ронда шуданд

Сентябрь 18, 2015 05:41

Душанбе, 18.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар вилояти  Ҳилманди  Афғонистон амалиёти  фарогири  ҳарбӣ  барои  аз  вулусволии  Мӯсоқалъа тоза  кардани  силоҳбадастони  «Толибон»  анҷом  ёфт. Моҳи  август шӯришгарон бинои маркази маъмурияти  маҳаллии вулусволии  мазкурро  забт карда  буданд. 
Назар  ба  хабари Агентии  иттилоотии «Хома пресс», дар  ин  ҷо амалиёти  тӯлонии  ҳарбӣ  рух  дод, ки дар  он ҷузъу  томҳои қӯшунҳои  Афғонистон, тайёраҳои  низомӣ,  ҳамчунин  қӯшунҳои  хориҷӣ  иштирок  доштанд.
Бино  ба  хабари вазорати  мудофиа,  беш  аз  200  нафар  силоҳбадастон кушта  шуда, аз  талафоти умумии толибон  дар  ҷараёни  амалиёти  ҳарбӣ ҳанӯз хабар  дода намешавад.
Алҳол  амалиёти  шадиди  ҳарбӣ  дар  вулусволии Каҷакӣ  идома  дошта,  мувофиқи  маълумоти  намояндагони  ҳайати  фармондеҳони  ҳарбӣ, 20  силоҳбадаст  нест карда шудааст.

Сентябрь 18, 2015 05:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад