Арзи сипоси Президент ба деҳқонону боғпарварони Турсунзода
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Турсунзода ба деҳқонону боғпарварони ин шаҳр барои рӯёнидани ҳосили фаровон арзи сипос намуд. Аз ҷумла, Президенти кишвар аз кори ду деҳқони пуртаҷриба бобои Ҳоҷӣ Камол ва Ҳоҷӣ Неъмат тавсиф карда, иброз дошт, ки таҷрибаву малака ва дастовардҳои хуби деҳқонони шаҳр нишон медиҳад, ҷамъоварии ҳосили баланд дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат, инчунин боиси беҳтаршавии даромади сокинон ва болоравии сатҳи зиндагии онҳо мегардад.
Бояд гуфт, ки дар солҳои 2000 – 2015 дар шаҳри Турсунзода майдони кишти ғалладонагиҳо беш аз ду баробар афзуда, майдони боғу токзор аз 800 гектар то ба 2 ҳазору 800 гектар расонида шуда, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли меваю ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 28 ва 42 фоиз зиёд гардидааст.
Дар натиҷа ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб зиёд шудааст.
Тибқи маълумот кишоварзони шаҳр нақша доранд, ки аз ҳисоби талу теппаҳо майдони боғу токзорро боз 1000 гектар афзоиш диҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






