Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ: Тоҷикистон кишвари худодод аст
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Меҳмонони Арабистони Саудӣ дар ҷамомади мизи мудаввари Фондҳои арабӣ ва Бонки исломии Рушд, ки дирўз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо изҳори қаноъатмандӣ аз фазой озоди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон омодагии худро барой рушди ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуданд.
Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ , мудири кулли раёсати амалиёти Фонди Рушди Арабистони Саудӣ дар баёни андешаҳояш перомуни масъалаи сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ва рушди бемайлони ин кишвар зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» гуфт: Ҳадаф аз иштироки банда дар ин мизи мудаввар ба даст овардани маълумоти бештар аз фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мебошад.
«Мо қаблан иттилоъ ёфта будем, ки Тоҷикистон як кишвари худодод аст ва инҷо захираҳои табиӣ хеле фаровон вуҷуд доранд, ки таваҷуҳи моро бештар ба худ ҷалб мекунанд. То ҳол мо чандин лоиҳаҳои сармогузориро дар Тоҷикистон амалӣ намудаем ва ин кор дар оянда низ идома хоҳад ёфт.Илова бар ин мо умед дорем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ба мо мусоидат кунад. Истиқбол ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик моро хеле ба шигифт овард ва албатта ин амал тибқи маълумоти қаблан ба даст расидаи мо яке аз хусусиятҳои миллии бародарони тоҷик маҳсуб меёбад. Маҳз ҳамин амал яке аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳон ба соҳаи сайёҳӣ бошад. Мо аз сармоягзуорӣ дар кишвари Тоҷикистон умеди зиёд дорем ва ин нақшаро ҳатман амалӣ хоҳем кард,- гуфт Ҳасан Муҳаммад Ал-Маҳдӣ.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






