Аз қаҳрамонии Спитамен то хиёнати ҳоҷӣ Ҳалим,миллат хиёнатро ҳаргиз набахшидааст ва нахоҳад бахшид!

Сентябрь 12, 2015 10:27

Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Тоҷикон дар арсаи таърих фарзандони фарзонае доштанд, ки бо ҷасорату матонат, далериву шуҷоат барои ҳимояи пойдориву устовории миллату меҳани хеш ҷонбозиҳо кардаанд. Дар ин ҷода аз қаҳрамонии Спитамен дар муқовимат бо лашкари Искандари Мақдунӣ, муборизаи Шерак бар муқобили лашкари Дорои 1, шӯриши Муқаннаъ бар зидди арабҳо, Темурмалик ба муқобили муғулҳо, Восеъ бар зидди амирони манғит ва сарсупурдагии Садриддин Айнӣ ба ин миллату марзу бум, метавон ёдовар шуд. Садриддин Айни ба хотири он, ки тоҷикон ҷумҳурии алоҳидаи худро дошта бошанд, ҷон ба каф гирифта, мубориза мебурд. Бобоҷон Ғафуров барои нашр гардидани китоби «ТОҶИКОН», ки душманони миллат мехостанд ҳадди ақал номи китобро иваз бикунанд, ба чӣ мушкилиҳое рӯ ба рӯ нашуд. Аммо онҳо медонистанд, ки миллати тоҷик ҳаргиз ин фидокориҳояшонро фаромуш нахоҳад кард. Худованд бахшанда аст, вале миллат хиёнати кардаи хоинонашро ҳаргиз набахшидааст ва нахоҳад бахшид. Хоиноне аз қабили Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконаш, ки аз худ дарак доданду дасту остин бар зада, ба муқобили Модар-Ватани хеш бо яроқ бархостанд, ба зудӣ сазояшонро ба андозаи кирдорашон хоҳанд гирифт. Аммо ҷои таассуф он аст, ки ин нафарон ҳам дар сарзамине ба воя расидаанд, ки модаронаш мутаффакирони оламшумул ва қаҳрамонону мардони майдонро ба дунё овардаанд. Воқеан ҳам тавре мегӯянд «аблаҳе аз бом афтад гардани мо бишканад», яъне аз оне, ки чанд касифе хиёнат кард, боке нест, чунки ҳазорон нафари дигар ҳаст, ки барои ин Ватан ҷонашро фидо мекунад, вале сад афсус дар таърихи миллат боз як саҳифаи нангине сабт хоҳад шуд, ки он дигар нобахшиданист. Ҳодисаҳои нангини рӯзҳои охир дар кишвар рухдодаро дида, мо тоҷикони бурунмарзӣ, ки дар минтақаи Тюмени Федератсияи Россия зиндагӣ мекунем, сахт андӯҳгин шудем. Чунки мо имрӯз дар як замони хеле ҳассосе қарор дорем, ки баъзе давлатҳоро хатари нестӣ таҳдид карда истодааст. Имрӯз дигар вақти тафриқаандозиву гурӯҳсозиву ҳизббозӣ нест. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳама яктану якҷон бошем. Чун имрӯз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боиси тафриқаандозиву монеи аз як гиребон сар баровардани мардум гаштааст, пас роҳбарону пайравони он низ бояд андеша кунанд, ки чӣ хидмате баҳри миллату Ватани худ карда истодаанд. Аз муроҷиати худ ба ҳамватанон умедворем, ки хиради азалии миллати тоҷик боло мегирад ва сулҳу субот дар кишвар пойдор мемонад.
Каримов Абдулло Саидович, Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази мадании тоҷикон «Пайванд» дар вилояти Тюмен

Сентябрь 12, 2015 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд