Ба истифода додани хонаҳои навбунёд барои зарардидагони офати табиӣ дар Тоҷикобод
Тоҷикобод, 22.09.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-21 сентябри соли ҷорӣ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров бо як ҳайати корӣ ба ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод рафта, дар маросими ба истифода додани 10 бинои истиқоматӣ ба зарардидагони офати табиӣ иштирок кард ва ба оилаҳои зарардида калиди хонаҳои истиқоматиро супорид.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод аз лаҳзаҳои нахустини омадани сел дар ҷамоати мазкур дар якҷоягӣ бо Ситоди доимии ҷумҳуриявӣ дар минтақаи Рашт ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии офат аз тамоми имкониятҳо истифода карда, мардуми деҳаҳои Мазори боло ва Мазори поёни ҷамоати деҳоти Лангари шоҳро ба ҷойҳои бехавф кўчонид.
Аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» 21 симчўб ва 5. км ноқили барқӣ дастрас гардида, хати интиқоли неруи барқ барқарор ва дар ҷойҳои зарардидаи деҳаи Мазори боло аҳолии деҳа бо барқ таъмин карда шуд. Ҳамзамон дар маҳаллаи нав як трансформатор бунёд ва симчӯбҳо насб гардида, аҳолӣ бо барқ таъмин аст.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






