Ба зарардидагони Ванҷу Рӯшон калиди хонаҳои навбунёд супорида шуд

Сентябрь 21, 2015 04:13

Душанбе, 21.09.2015, (АМИТ «Ховар»). -Дирӯз муовини сарвазири мамлакат  Азим Иброҳим, раиси ВМКБ  Шодихон Ҷамшед, раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбӣ Раҷабова ба соҳибони 8 хоҷагии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Ванҷ калиди хонаҳои навбунёдро дар фазои тантанавӣ супориданд.
Ҳамчунин ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ба 6 хоҷагии ноҳияи Рӯшон, ки аз офати табиӣ зарар дида буданд, калиди хонаҳои навбунёдро тақдим кард. Бояд зикр кард, ки барои зарардидагони ноҳияи Рӯшон тибқи хоҳиши онҳо 2 хона дар деҳаи Бардара, 3 хона дар деҳаи Дерзуд ва 1 хона дар деҳаи Баррӯшон бо риояи урфу суннатҳои гузаштагон сохта шудаанд.
Корҳои бартарафкунии оқибатҳои офатии табиӣ дар ВМКБ мувофиқи реҷа ва дар баъзе маҳалҳо пеш аз муҳлат ба анҷом расида истодаанд.

Сентябрь 21, 2015 04:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд