Баррасии муаммоҳои низоми андозбандӣ
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаммоҳои низоми андозбандӣ дар рушди соҳибкорӣ» семинари илмию амалӣ доир шуд.
Тибқи иттилои котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева, дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии донишкада Тоҳир Исломов барои бартарафкунӣ ва ҳалли муаммоҳои тартиби андозбандӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ пешниҳодҳои мушаххасро иброз дошт.
Пешниҳод гардид, ки бо мақсади рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ситонидани андози замин вобаста ба шакли кадастрии замин қисми 2, моддаи 273 ва қисми 4 моддаи 302 КА ҶТ аз эътибор соқит карда шаванд. Барои он ки ин қисмҳои Кодекси андоз пешбинӣ кардаанд, ки меъёри андози замин ва андози ягона ҳамасола бо назардошти сатҳи таваррум меафзояд. Аммо ҳосилнокӣ ва даромаднокии замин бо назардошти сатҳи таваррум намеафзояд ва на ҳамаи заминҳо барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода мешаванд.
Барои дуруст ба роҳ мондани тартиби андозбандӣ ва аз байн бурдани иштибоҳ дар қонунгузории андози амалкунандаи ҶТ ба қоидаҳои андозбандии тибқи патент фаъолияткунанда тағйирот ворид кардан лозим аст. Ҳамчунин барои дуруст ба роҳ мондани тартиби ҳисоббаробаркунӣ бо буҷаи давлат ба сархатҳои 1 ва 2, қисми 3 КА ҶТ тағйирот илова кардан лозим аст, зеро дар амал кормандони мақомоти андоз маблағҳои барзиёди пардохтшудаи андозсупорандагони аз ҳисоби андозҳои ба буҷаи маҳаллӣ тааллуқдоштаи барои мақсадҳои қарз аз ҳисоби андозҳои ба дигар буҷаҳо воридшавандаро ба инобат намегиранд.
Сардори шуъбаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Қутбиддин Муқимов ва мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ Хуршед Ҷумъабоев доир ба мавзӯъ сухан карда, таъкид карданд, ки ин пешниҳодҳо дар натиҷаи таҳлили қонунгузории андоз сурат гирифта, барои дуруст ба роҳ мондани тартиби андозбандӣ, сари вақт пардохтани андозҳо, мукаммал гардонидани Кодекси андози амалкунанда мусоидат мекунанд. Пас аз таҳлилу баррасӣ пешниҳодҳои мазкур ба мақомоти дахлдор ирсол мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






