Баёнияи диаспораи тоҷикони ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Хабари қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон албатта амали воқеист, яъне асоснок мебошад. Воқеаҳои рўзҳои охир дар Тоҷикистон моро ба он андеша овард, ки дар ҳақиқат аз надоштани донишу фарҳанги исломӣ намояндагони ин ҳизб барои пешрафти давлат монеа эҷод менамоянд, ба корҳои давлатӣ беҳудаву беасос дахл намудан, хиёнат ба ватан (амали хоинонаи Ҳалим Назарзода) пешаи онҳо гардидааст. Имрўз аксари кишварҳо аз дасти ин тоифа мардум дар азобу машаққат мебошанд. Дур намеравем, Афғонистон, Покистон, Ироқ, Сурия, Яман ва дигар давлатҳои мардумонаш мусулмон. Дар дини мубини Ислом қатли мусулмон (кўдакону барҷомондагон) бо нидои «Аллоҳу акбар» гуноҳи бузург аст, дар Қуръон дўст доштани ватан ва шукронаи Худованд кардан аз тинҷиву осоиштагӣ борҳо қайд шудааст. Ин тоифа на аз ислом хабар доранду на аз илмҳои замона. Давлатҳои абарқудрати дунё аз бесаводии ин тоифа хуб истифода мебаранд, давлатҳои ободу озодро ба хун оғушта мегардонанд. Солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҳамин тоифаи бедониш Тоҷикстони ободро ба вайрона табдил доданд, садҳо ҳазор нафарро бехонаву дар карданд, пешрафти давлатро даҳсолаҳо ба ақиб партофтанд. Магар ин амали онҳо бахшиданист?!!!
Дар ҳамаи давлатҳои Осиёи Миёна барои пешрафти дини мубини ислом заминаи хуб мавҷуд аст, масҷидҳои бузург месозанд, мадрасаҳо амал мекунанд, барои хондани намозу гирифтани рўзаву рафтан ба хонаи Худо (ҳаҷ) ҳамаи шароит муҳайё аст.
Пайғамбари ислом дўст доштани ватанро аз эмон ҳисобидаанд. Эмондорӣ бо ришу саллаву фаранҷӣ нест, ватанро обод кардан, ба қадри тинҷӣ расидан, шукронаи ободӣ кардан эмондорист!!!
Мо – диаспораи тоҷикони ноҳияи Бойсуни Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ш. Душанбе қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломро дар Тоҷикистон тарафдорӣ мекунем, набояд диндорон беҳуда ба корҳои давлатӣ дахл кунанд, як давлати ободро ба ҷангу нотинҷӣ кашанд, мардумро бехонаву дар кунанд. Бас дигар гумроҳӣ. Ин тоифаи камсаводу бефарҳанг, ки бештар аз ҷониби гурўҳҳои бадхоҳи хориҷа идора мешаванд, ҳамеша ба мардуму халқ зарар меоранд. Пеши роҳи онҳоро гирифтан ба хотири тинҷӣ кори савоб аст. Дигар нагузоред, ки бо номи дини мубини ислом онҳо амалҳои бади худро анҷом диҳанд!!!
Шарипов Холмурод,
Шоимардонов Азиз,
Мирхоҷаев Набӣ,
Камолов Фарух,








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






