Боздошти як зан барои ҷалби ҷангиён ба сафи ДИ дар Испания
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Полиси Испания дар шаҳри Фигерас (вилояти мухтори Каталония) як занро бо гумони иштирок дар фаъолияти гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» боздошт кард.
Вазорати корҳои дохилии Испания хабар медиҳад, ки боздоштшуда ҷангиёнро ба сафи ин гурӯҳи ифротӣ барои фаъолиятҳои ҷангӣ дар минтақаҳои мухталиф ҷалб мекардааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта Гвардияи шаҳрвандии Испания дар вилояти мухтории Валенсия ҷавондухтари 18-солаи мароканиро, ки қасди пайвастан бо ДИ-ро дошт, боздошт намуд. Ин духтар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи ин гурӯҳ дигар занонро ҷалб карда, инчунин ба воситаи интернет видеоҳои идеологии ДИ-ро паҳн мекард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






