Дар вилояти Бадахшон теъдоди нашъамандон ба 874 нафар расидааст
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Вазъи нашъамандӣ дар вилояти Бадахшон ташвишовар буда, теъдоди нашъамандон ба 874 нафар расидааст. Дар шаҳри Хоруғ 325 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 3 нафараш зан аст. Ин нуктаро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зимни вохӯрӣ бо толибилмони синфҳои болоӣ дар мактаби таҳсилоти умумии №7-и маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ таъкид намуданд. Вохӯрӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва баҳри пешгирии нашъамандӣ аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар ВМКБ дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи вилоят 23 сентябри соли ҷорӣ баргузор гардид.
Кормандони агентӣ инчунин вазъи нашъамандиро дар Тоҷикистон ва хусусан дар вилояти Бадахшон таҳлил намуда, ба толибилмон дар бораи таърихи пайдоиши маводи нашъаовар ва оқибати фоҷиаовари истеъмоли он нақл намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






