Эмомалӣ Раҳмон: Имсол 200 мактаби нав ба истифода дода мешавад
Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Ин нуктаро зимни суханронии хеш дар тантанаҳои Рӯзи дониш ва 70-солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.
Президенти кишвар тазаккур дод, ки бунёди мактабҳои нави замонавӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ васеъ ба роҳ монда шуда, барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо, озмоишгоҳҳо, техника ва технологияҳои муосир, инчунин ба шабакаи интернет пайвастани онҳо чораҳои доимӣ амалӣ шуда истодаанд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар замони истиқлолият то ба имрўз дар кишвар 2254 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳукумат дар оянда низ раванди ислоҳот, таъмиру азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумиро идома мебахшад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






