Эмомалӣ Раҳмон: «Таҷлили 3000-солагии Ҳисор ду ҳадафи аслӣ дорад»
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Таҷлили 3000-солагии Ҳисор ду ҳадафи аслӣ дорад», — ин нуктаро имрӯз зимни мулоқот бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Ҳисор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.
Сарвари давлат гуфт, ки яке аз ин ҳадафҳо омӯзиши таърихи пурғановати ин водии зархез ва дар маҷмуъ миллати тоҷик, арҷгузории шоиста ба таъриху фарҳанги бостониамон ва дуюм обод карда, ба шаҳри зебои муосир табдил додани Ҳисор мебошад.
«Ҳисори овазадор бояд ба як шаҳри зебои замонавӣ ва зиёратгоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёбад», — таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






