Хуҷанд: Бархурдории собиқадори меҳнат аз мукофотпулии Президент
Хуҷанд, 08.09.2015 (АМИТ “Ховар”).-Ҳашт нафар собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд дар арафаи 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мукофотпулии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бархурдор гаштанд.
Дар чорабинии расмие, ки дар мақомоти шаҳр доир гашт, намояндаи Ҳукумати ҶТ, муовини раиси Ҳизби Халқи демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Латипов ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок доштанд.
Аз ҷумла мукофотпулии Сарвари давлат ба ҳашт нафар собиқадорони меҳнат ва Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд, ки солҳои зиёд дар рушду нумуъ шаҳру кишвар саҳми арзанда доранд, қадрдонӣ карда шуд.
Зимни супоридани мукофотпулӣ, намояндаи ҳукумати кишвар Асрор Латипов сараввал ба ҳозирин табрикот ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонда изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ чунин шахсони баруманд баҳри тарбияи насли наврас ва ба камол расондани кадрҳои ботаҷриба кумаки худро дареғ нахоханд дошт.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






