Иди Қурбонро мардуми кишвар кай таҷлил менамоянд?
Душанбе, 14.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Мардуми Тоҷикистон чун дигар мусулмонони кишварҳои ҷаҳон Иди Қурбонро рӯзи панҷшанбе, 24 сентябри соли 2015 таҷлил менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар Душанбе бо ҳузури имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ доир гардид, санаи таҷлили иди Қурбон тасдиқ шуд. Дар ин росто рӯзи панҷшанбе аз соати 7:00 субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози Иди Қурбон баргузор мегардад. Дар ҷаласа ҳамзамон ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар дастур дода шуд, ки дар хутбаи намози ҷумъа, аҳкоми қурбонӣ ва тарзи дурусти анҷом додани маросими қурбониро ба мардуми кишвар фаҳмонанд. Инчунин, таъкид гардид, ки дар оростани дастархони идона ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳанд, дар ин масъала намояндагони уламои кишвар бояд барои мардум намунаи ибрат бошанд. Ҳамзамон дар ҷаласа расонидани кумаку хайрияҳо ба ятимон, бепарасторон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ки аз амалҳои неки ҳар фарди мусулмон аст, матраҳ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки Иди Қурбон яке аз ду иди мардумони мусулмон буда, баъд аз ду моҳу даҳ рӯзи Иди сайиди Фитр таҷлил мешавад. Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли равон наздики 6 ҳазор шаҳрванди кишварамон ба зиёрати Каъба ба Маккаи Мукаррама сафар намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






