Ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад

Сентябрь 28, 2015 06:47

Душанбе, 28.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Вобаста ба изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ ва изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳти роҳбарии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ аз тарафи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода таъсис ёфтани иттиҳодияи ҷиноятӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» ба коршиносон бо чунин савол муроҷиат кард: Шумо изҳороти Вазорати адлияи мамлакатро нисбат ба фаъолияти ғайриқонунии ҲНИТ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло: «Қарору фармонҳое, ки аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои масъули ҳар як давлат пешниҳод мегардад, бояд бе чунучаро ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳам аз  ҷониби ҳизбу ҷараёнҳо ва дигар ниҳодҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, иҷро карда шаванд. Ба андешаи ман Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ниҳояти кор қарори содир намудаи Вазорати адлияро комилан иҷро мекунанд».

Ба саволи он ки оё баста шудани ҲНИТ пайомади манфӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон дошта метавонад, Баротзода Файзулло ҷавоб дод, ки «Баста шудан ҲНИТ бо фаъолияти мазҳаби Абуҳанифа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагие надорад ва илова кард, ки, — Фаъолияти ҳизбҳои тундгарои сиёсии динию ғайридинӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шудааст. Таъсири манҳус ва баде, ки ба фаъолияти ҳизбҳои гуногун расонида шуда буд, аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарчашма гирифтааст. Солҳои 70-80-уми асри гузашта теъдоди бузурги лоиҳаҳои исломӣ бо дастгирии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба муқобили будубоши нерӯҳои шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон роҳандозӣ гардид, ки он мазҳаби ҳанафии Покистон ва Афғонистонро ба мазҳаби тундгарои ҷанговар табдил дод ва таъсири он ба баъзе рӯҳониён ва гурӯҳҳои ҷомеаи мо низ расид. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки баста шудани ҲНИТ ягон пайомади манфӣ нахоҳад дошт».

Каромат Абдулҳаев — мудири шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ ҳисоб мекунам, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад — асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрӯза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гӯшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рӯй дода истодаанд, чунин мешуморам, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест ки, имрӯз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад. Агар ҲНИТ фаъолияти худро давом диҳад, он таҳдиду хатарҳое, ки дар дигар кишварҳои мусулмоннишин сурат мегирад, имкон дорад, ки дар ин ё он шакл ба ҷомеаи тоҷикон низ ворид шавад ва зарар расонад. Он ҳодисаҳои мудҳише, ки дар ибтидои моҳи сентябр дар мамлакат ба амал омаданд, бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам ба сиёсат омехта кардани дин натиҷаҳои зараровар ва манфӣ ба бор меоранд. Гуфтан мумкин ба ҷойи пешрафти ҷомеаро таъмин намудан, баръакс ҷомеаи мусулмониро чун дигар кишварҳои олами ислом ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон даҳсолаҳо ба қафо мепартояд».

Ба суол дар хусуси он ки чаро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз мавқеи таҳаммулгароӣ ба мавқеи ифротгароӣ гузашт, Каромат Абдулҳаев ҷавоб дод, ки: «Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд.Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хуҷаинҳои хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд».
   

 

Сентябрь 28, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад