Ифтитоҳи мактаби рақами 119 шаҳри Турсунзода

Сентябрь 18, 2015 05:25

Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 119 асос гузошт.

Дар даромадгоҳи бинои мазкур хонандагон бо барномаҳои рангини фарҳангии театрикунонидашуда Сарвари давлатро истиқбол гирифтанд. Зимни баромади хеш муҳассилин аз ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суббот шукргузорӣ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар мактаби наву замонавӣ моҳи июли соли 2012 оғоз гардида, бо харҷи 23 миллиону 104 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи Барқии Обии «Роғун» бунёд гардидааст.

Муассисаи таълимӣ аз се ошёна иборат буда, 64 синфхона дорад. Мактаб аз озмоишгоҳҳои бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, толори китобхонӣ, ошхонаи барҳаво, инчунин синфхонаҳои алоҳида барои ташаккули завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон, толори варзишӣ бо 325 ҷой иборат мебошад, ки дар як баст 1176 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад. Айни замон 400 нафар фарзандони сокинони маҳаллаи навбунёд дар ин муассиса таҳсили илм мекунанд, ки аз ин шумора 250 нафарашон фарзандони муҳоҷирони экологӣ аз ноҳияи Нуробод мебошанд.

 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим дар синфхонаҳои ибтидоӣ, компютерӣ, дӯзандагию дуредгарӣ шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир кард.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам беҳтар гардонидани сифати таълим ба роҳбарияти вазорати маориф дастуру супоришҳо дод. Хонандагон ба Сарвари давлат барои бунёди мактабу синфхонаҳои барҳаво изҳори сипос карданд. Дар ҷавоби ин дастгириҳо ваъда доданд, ки бо хониши хубу аъло ва омӯзиши илмҳои муосир оянда ҳамчун кадрҳои арзанда барои халқу ватан хизмат хоханд кард.

Дар синфи омӯзиши ҳунарҳо Сарвари давлат ба духти либосҳои миллӣ, ки худи духтарони синфҳои болоӣ омода кардаанд, баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, илм ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят кард. Зимни шиносоӣ бо шароити мактаби нав ҳамчунин барои корҳои ободонӣ ба роҳбарияти мактаб тавсияҳои иловагӣ дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки дар муассиса буғхона бо технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар фасли зимистон имкон дорад, тамоми утоқҳои биноро бо ангишт ва неруи барқ гарм нигоҳ дорад. Дар рӯзҳои таҷлили 24 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ тӯҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони сокинони муҳоҷиршудаи шаҳри Турсунзода арзёбӣ гардид. Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав дар ҳаминҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд доир намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактаби навро ба сокинони ин маҳал муборакбод намуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои 571 оилаи муҳоҷирон, ки дар деҳаи Тойчии ҷамоати деҳоти Ҷура Раҳмонови шаҳри Турсунзода муқимӣ шудаанд, тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст. Аз ҷумла, бо маблағгузории ҳукумат Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи Барқии Обии «Роғун» бо харҷи беш аз 52 миллион сомонӣ роҳ, мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатти об, хатти интиқоли барқ, зеристгоҳи барқӣ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд кардааст.     

Ин корҳои ободонӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмини зиндагии сазовори сокинон идома дорад.

Сентябрь 18, 2015 05:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад