Имрӯз сарони давлатҳои СААД вориди Душанбе мешаванд
Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи якуми рӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Интизор меравад, ки пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷараён мегирад, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.
Муҳимтарин санад Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи сифатан баланд хоҳад баровард.
5 санади дигар доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, ҳимояи техникии иттилоот, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқишаҳрвандони ҳамдигар ва Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2016-2017 мебошанд.
Нимаи дуюми рӯз ташрифи сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, барои иштирок дар ин ҳамоиш, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз меёбад.
Дар назар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар яке аз сарони давлатҳо мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом диҳад.
Хотиррасон менамоем, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш ғайр аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ низ ташриф меорад, сарони давлатҳои Арманистон Серж Саргисян, Белорус Александр Лукашенко, Федератсияи Русия Владимир Путин ва Қирғизистон Алмазбек Атамбоев вориди шаҳри Душанбе мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






