Иштироки беш аз 40 ширкати чиноӣ дар намоишгоҳ
Душанбе, 17.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Беш аз 40 ширкати чиноӣ 17 сентябр маҳсулоти тавлидотии худро дар намоишгоҳи навбатии молҳои содиротии «Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Чин- Тоҷикистон-2015», ки дар «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор гардид, ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Саидраҳмон Назриев-муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, сардори Департаменти тиҷорати Хукумати Халқии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури /НМШУ/ Чин Ся Гуантай, ноиби волии ноҳияи Оқсӯйи НМШУ Муталиб Розӣ, намояндагони Сафорати Чин дар Тоҷикистон ширкат намуда, доир ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор сухан карданд. Дар намоишгоҳ мошинолот, маҳсулоти сохтмонӣ, техникаи кишоварзӣ, фурӯзонакҳои каммасраф, маҳсулоти хӯрокӣ, либос, пойафзол, маҳсулоти нассоҷӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ, маводи шустушӯӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум ба намоиш гузошта шуда буд. Интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Чин доир гардида, дар он масоили марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор баррасӣ гарданд. Намоишгоҳ то 19 сентябр идома меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






