Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Сентябрь 3, 2015 03:48

Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи рӯзи 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ба муносибати 70 — солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар маркази шаҳри Пекин доир гардид, иштирок кард.

Дар макони асосии баргузории чорабинии идона — майдони Тянанмэн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар ин чорабинӣ сарони беш аз 25 давлат ва роҳбарону намояндагони воломақом аз созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Пеш аз оғози чорабинӣ маросими аксбардорӣ доир шуд.

Пас аз аксбардорӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳоро барои тамошои паради ҳарбӣ ба минбари ҳукуматӣ дар майдони Тянанмэн даъват намуд.

Дар оғоз Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суханронӣ карда, ҳозирин ва тамоми мардуми Чинро бо анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ табрик намуд.

Дар гузашти низомӣ ҷузъу томҳои 7 округи ҳарбӣ, флоти ҳарбии баҳрӣ, неруҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ, политсияи мардумӣ ва аввалин маротиба собиқадорони артиши дуюми хушкигард, ки дар ҷанг иштирок кардаанд, ширкат варзиданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин нахустин маротиба ҷузъу томҳои ҳарбии Тоҷикистон, Россия, Муғулистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии тантанавӣ як ҷузъи полки комендантии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии полковник Илҳом Махсумов намояндагӣ карда, бо қадамзании зебои мутантан аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд.

Таърих гувоҳ аст, ки барои ба даст овардани ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷавонмардони тоҷик ҳам корнамоиҳои зиёд нишон додаанд.

Бинобар ин бо нишони ҳамдилӣ низомиёни тоҷик дар қатори намояндагони Чин ва дигар кишварҳо дар паради ҳарбӣ фаъолона иштирок карданд.

Сентябрь 3, 2015 03:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид