Истиқлолият — неъмати бебаҳо

Сентябрь 4, 2015 03:33

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Истиқлолият беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги оламшумули тоҷикон аст, — таъкид шуд дар семинари илмӣ-омӯзишии «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. 
Дар семинар сардори Раёсати тиббӣ полковники хизмати дохилӣ Исмоилзода Намоз Ғоиб, муовини сардори Раёсат полковники хизмати дохилӣ Нағзибекова Файзинисо Бозоровна, дотсенти факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қараев Фарҳод Қурбонович, кормандон ва ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ иштирок намуданд. Оид ба моҳият ва нақши истиқлол дар пешрафту тараққиёти кишвар, дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар тӯли 24-соли даврони соҳибистиқлолӣ маърузаҳо ироа шуда, иштирокдорони семинар фикру андешаҳои худро доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ иброз намуданд.

 

Сентябрь 4, 2015 03:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд