Изҳороти ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Сентябрь 8, 2015 08:31

Изҳороти ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров дар нисбати амали террористии рӯзи 4-уми сентябр дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе

Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҷомеаи бонуфузи наздик ба бистҳазорнафараи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ҳодисаҳои нангину даҳшатбори санаи 4-уми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе рухдодаро, ки ба ҷуз пошидани тухми фитнаю адоват, разолату душманӣ, бадхоҳию нотавонбинӣ, гумроҳию каҷрафторӣ ва қатлу куштори шахсиятҳои бегуноҳ мақсади дигаре надоранд, шадидан маҳкум менамоянд.
Ин зуҳуроти нангин амали ноҷавонмардонаи нафарони носипосу намакзада ва хиёнаткору аҳдшикане мисли Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода аст, ки дар оғози соли нави хониш, баъди баргузории саросарии Рӯзи Сулҳ дар тамоми макотиби миёнаю олии мамлакат, айёми омодагӣ ба ҷашни бошукӯҳи 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 700-умин солгарди орифу мутафаккир ва шоиру адиби номдори Шарқ Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ва оғози марҳалаи нави созандагию ободкорӣ дар кишвари азизамон ҳамчун кӯшиши ноором сохтани вазъияти сиёсӣ, халалдор намудани набзи мураттаби рӯзгори мардум ва латма задан ба рӯҳияи болидаи кулли сокинон ба шумор меравад.
Воқеаи рухдода собит кард, ки ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми сулҳу ваҳдатпарвари мо чеҳраҳои манфури ба рӯ ниқобкашидаю зоҳирфиреб, ҳасуду кинавар ҳастанд. Ин қабил гурӯҳҳои ҳақиру забун ва нотавон, ки имрӯзҳо дар назди иқтидори сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва ҳарбии Тоҷикистон масали «арзане дар домани кӯҳи босалобат»-ро мемонанд, ба зудӣ хокмоли нерӯҳои қудратӣ гардида, ба ғайр аз сиёҳу бадном кардани номаи аъмоли хеш, сархаму музтар шудани хешу ақрабо ва фарзандону пайвандон коре карда наметавонанд.
Чунин ҳодиса ҳар яки моро водор менамояд, ки ҳушёрии сиёсию маънавиро аз даст надода, бо шукргузорӣ аз вазъи амну осоиштаи кишвар, пешрафти рӯзафзуни тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бунёдкорию созандагӣ, вусъати корҳои  нусратовар, тараққиёти саноату истеҳсолот ва хоҷагии халқ ба қадри заҳмату тадбирҷӯиҳои фардоофарини Президенти ваҳдатшиори худ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Бо муттаҳидию ҳамдилӣ, дӯстию рафоқат, садоқату муҳаббат барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи якпорчагии марзу бум, ҳамбастагии халқу миллатҳои сокини мамлакат ва эҳтироми вожаҳои боарзиштарини Сулҳу Ваҳдат аз дилу ҷон саъю эҳтимом варзем.
Сабақҳои дар муддати чанд даҳсолаи охир гирифтаи мо маълум месозад, ки ҳар нафар ё ҳар гурӯҳе, ки дар сарманзили муқаддаси аҷдодӣ, сарзамини бузургони илму адаб, хостгоҳи орифону нобиғагон, ватани ишқу умед ва парвозгоҳи орзую омоли ҳазорон кӯдакону наврасон ва ҷавонони саодатманд даст ба кирдорҳои ғайриинсонӣ мезанад, обу ҳавои онро хираю ғуборолуд месозад, ҷониби ҳаммиллати худ теғ мекашад, ба лаънати халқу ғазаби Худо гирифтор хоҳад шуд:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад. 

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 
Ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Сентябрь 8, 2015 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад
Дар шаҳри Бӯстон бо ҷавонони фаъол оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон вохӯрӣ доир шуд
Деҳқонони шаҳри Ҳисор нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд